zoofirma.ru

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ, сохтмон ва навсозии иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаи саноат ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ равона гардида, ҳамасола хатҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нав шинос гардид.

 

Яке аз чунин корхонаҳо ҶДММ “Тиглат” мебошад, ки сохтмони он идома дошта, дар оянда дар он истеҳсоли рангҳои бинокорӣ ва хокаи ороишиву пардоздиҳӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти муосир идома дошта, пас аз ба кор андохтани он 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Таҷҳизоти воридшуда аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва Туркия буда, раванди истеҳсолот пурра ба стандартҳои соҳа мутобиқ гардонида мешаванд. Илова ба рангҳои сохтмонӣ, дар корхона истеҳсоли қуттиҳои гуногунҳаҷм низ ба роҳ монда мешавад, ки ҷараёни истеҳсолотро суръат мебахшад. Дар маҷмӯъ, дар ин корхона то 20 намуди рангҳои сохтмонӣ истеҳсол хоҳад шуд.

Раиси вилоят бунёди чунин корхонаҳоро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ҳамчунин дар минтақаи саноатии шаҳр роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони сардхонаи ҶДММ “Сеганҷ” шинос гардид. Сардхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосири чинӣ сохта шуда, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фасли сол пешбинӣ шудааст. Гунҷоиши умумии он 600 тонна буда, аз 10 қисм иборат аст, ки 8 адади он барои нигоҳдории меваю сабзавот ва 2 адади дигар барои маҳсулоти гӯштӣ пешбинӣ шудааст. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки ҳарорати дохилӣ мутобиқ ба навъи маҳсулоти захирашуда танзим гардад.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони фабрикаи паррандапарварии ҶДММ “Мурғи заррин” низ шинос гардид. Иқтидори фабрика парвариши беш аз 20 ҳазор сар мурғи гӯштӣ буда, айни замон дар он 11 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад. Айни замон сохтмони чор мурғхона анҷом ёфта, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир идома дорад. Ба масъулин дастур дода шуд, ки ба масъалаи риояи талаботи санитариву беҳдоштӣ ва муҷаҳҳаз намудани фабрика бо таҷҳизоти навтарин диққати махсус дода шавад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шинос шуда, аз раванди фаъолсозии хати нави истеҳсолӣ дидан намуд. Таҷҳизоти нав аз Белгия ворид гардида, иқтидори он истеҳсоли то 4 ҳазор метри мураббаъ қолин дар як шабонарӯз мебошад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулот то 120 ҳазор метри мураббаъ дар як моҳ расонида шавад. Айни замон дар ин корхона 500 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Маҳсулоти корхона ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия ва Қазоқистон низ содирот мешавад. Қолинҳои истеҳсолшуда бо сифати баланд, нақшу нигор ва услуби хос дар бозор талаботи зиёд дорад.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои сеошёнаи Маркази саломатии шаҳр навсозӣ мешавад, ки дорои 115 утоқи корӣ мебошад ва дар он пас аз навсозӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Дар марказ нуқтаҳои нави хизматрасонии шабонарӯзии осебшиносӣ ва духтури дандон низ таъсис дода мешаванд.

Раиси вилоят инчунин бо корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳр ошно гардида, таъкид намуд, ки тамоми хиёбонҳо, кӯчаҳо ва бахусус соҳили Баҳри Тоҷик сабзу хуррам гардонида шуда, барои фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.