15 Апрел 2025
Санаи 14 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода зимни суханронӣ, зикр дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - қишри созандаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатр корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон, неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд.
Дар марҳилаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ мегарданд.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон теъдоди ҷавонон 14,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷлиси шаҳрӣ 4 нафар ҷавонон вакил мебошанд, ки 11,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 39 нафар кору фаъолият менамоянд. Дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 33 нафар ҷавонон фаъолият дошта, 40 фоизро аз теъдоди умумӣ ташкил медиҳанд.
Дар ҳудуди шаҳр дар умум 136 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 56 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 6 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона мебошад. Барои таъмиру тармим ва азнавсозии иншооти варзишӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар шаҳр барои қадршиносӣ ва тарғиби донишандӯзӣ Стипендияи Раиси шаҳр муқаррар карда шудааст, ки теъдоди он 40 адад буда, барои хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи озмун дода мешавад ва маблағи муқарраргардидаи он 1800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ муқаррар гардидааст, ки 15 адад барои муассисаҳои таълимӣ ва 1 адад барои колеҷи тиббии шаҳр мебошад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли 2024 дар шаҳри Гулистон бо мақсади амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2023-2026 “Солҳои рушди саноат” сехи истеҳсоли консерваи моҳӣ дар заминаи ҶСК “Таъминоти моҳӣ” дар шаҳри Гулистон бо 20 ҷойи корӣ, ҶДММ «Абдуллоев Саидбой» оид ба истеҳсоли ноқилҳои барқӣ бо 30 ҷойи корӣ, ҶДММ «Доруи Суғд» бо 15 ҷойи корӣ ва 3 агрегати аз таҷдид баромадаи Неругоҳи барқӣ обии «Қайроққум» ва ҶДММ «Маҳмуд и Ко» пас аз таваққуфи се солаи истеҳсолӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.
Илова бар ин дар соли 2024 боз 3 корхона: ҶДММ “Суғдсохт” бо 15 ҷойи корӣ, ҶДММ “Хуҷанд нефт” (коркарди нафти хом) бо 4 ҷойи корӣ ва ҶДММ “Нур Алюмин” бо истеҳсоли симҳои луч бо 4 ҷойи корӣ ба рӯйхати корхонаҳои саноатӣ дохил гардиданд. Дар маҷмуъ дар соли 2024 дар шаҳр 8 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 204 ҷойи корӣ ташкил гардид. Соли 2025 бошад бунёди 4 корхонаи саноатӣ бо дарназардошти 66 ҷойи кории нав бунёд гардида истодааст.
Дар шаҳр 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебарад, ки аз ин шумора 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия буда, дорои 9561 нафар хонанда мебошанд, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 17 нафар зиёд мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон айни замон, 546 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ, 1 урдугоҳ ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Дар шаҳр имконияти қабул намудани 2214 истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо мавҷуд аст.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1047 меҳмони хориҷӣ ва 3827 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 4871 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 536 нафар зиёд буда, 112,4 фоизро дар бар мегирад.
Ҳаҷми маблағи воридшуда дар ин давра аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 8,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллион сомонӣ зиёд буда, 123,7 фоизро ташкил медиҳад.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар ояндаи на он қадар дур бисёре аз донишҷӯён ба фаъолияти созандаи мардуми шаҳри Гулистон шарик гардида, дар ободу хуррамгардонӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор хоҳанд гашт.
Сипас, донишҷӯён ба Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҷиҳати вохӯрӣ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар интиҳо ба 23 нафар донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, ятими кулл ва нимятим кумакҳои яквақтаи молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.