zoofirma.ru

Санаи 18 апрели соли 2025 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор шуд ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2025 баррасӣ гардид.

Дар баробари таҳлили бурду бохти фаъолони вилоят дар охир аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола" мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

Боиси хушнудист, ки дар даври вилоятии фестивал-озмуни гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” шаҳри Гулистон барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги зебоипарастӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ бо дипломи дараҷаи IIl ва мукофотпулӣ сазовор гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ин дастовардро ба кулли сокинон ва кормандони ниҳодҳои гуногуни шаҳр таҳният гуфта, ба тамоми соҳибкорону шахсони ватандӯст, ташкилоту муассисаҳо, ки дар вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ин гӯшаи назаррабои кишвар саҳмгузорӣ намуда истодаанд изҳори сипос менамояд. Ҳамчунин даъват менамоем, ки оянда низ дар ҳамбастагӣ шаҳри азизамонро бозз ҳам ободтару зеботар намоем.