zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Конференсияи интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Аҳлиддин Юнусов котиби генералии Федератсияи футболи вилояти Суғд конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вакилон комиссияи кории Конференсияро интихоб намуданд. Дар Конференсияи интихоботӣ ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт - интихоби раиси федератсияи футболи шаҳр ва интихоби муовинони раиси федератсия.

Бо пешниҳоди Раиси Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд ба вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон номзадии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода пешниҳод гардид. Пас аз муҳокима бо овоздиҳии кушод вакилон якдилона Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзодаро ба вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон интихоб намуданд.

Ҳамчунин, ба вазифаи муовини якуми раиси Федератсияи футболи шаҳр Баҳодур Маҷидов муовини ҶМТКММ "Апрелевка" ва ба вазифаи муовини раиси федератсия директори генералии ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум" Абдумуталлиб Абдуллоев пешбарӣ гардида, бо овоздиҳии якдилона интихоб карда шуданд.

Муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Рустам Марофиев аз номи раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ин рӯйдоди фараҳбахши варзишӣ ҳамагонро табрик намуд.

Дар интиҳо Раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон, раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода суханронӣ намуда, доир ба нақшаҳои рушд ва инкишофи футбол дар ҳудуди шаҳри Гулситон ҳарф зад. Зикр гардид, ки ба рушди футбол дар шаҳр таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон соли 2021 Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюми кишвар гардида, тули ду сол дар Лигаи якуми кишвар ҳунарнамоӣ намуд. Дар шаҳр барои рушди футболи кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, майдончаҳои бозии футбол дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо дарҳои худро ба рӯйи ҳавасмандони ин навъи варзиш боз намудаанд. Ҳамчунин, дар маркази шаҳр академияи футболи “Сомониён” фаъолият мекунад ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик тарбиятгирандагони ин мактаби футболӣ, ки асосан ҷавонони шаҳри Гулистон мебошанд ба камол расида, дар рушди футболи ватанӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҷиҳати таъмиру тармими иншооти соҳаи варзиш, бахусус майдонҳои варзишии бозии футбол дар шаҳри Гулистон корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст. Алҳол дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати он як варзишгоҳи дорои зиёда аз 2500 ҷои нишаст, 8 майдони варзишии дорои то 1000 ҷои нишаст дар шаҳракҳои Адрасмон ва Консой, 4 майдончаҳои варзишии ба машғулиятҳои футбол мутобиқгардонидашуда дар шаҳракҳои Сирдарё, Чоруқдаррон ва Зарнисор мавҷуд аст. Дар урдугоҳи «Шоҳин» майдони футболи ҷавобгўй ба талаботи стандартӣ бо 624 ҷойи нишаст фаъолият бурда, дар он мусобиқаҳои сатҳи гуногун гузаронида мешаванд.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода тазаккур дод, ки мисли солҳои қаблӣ футболбозони гулистонӣ дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун баромад карда, дар онҳо шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро шоиста муаррифӣ хоҳанд намуд.