zoofirma.ru

Санаи 24.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси Шуро Прокурори шаҳри Гулистон Вазирзода Вазир Зокир, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, аъзои Шуро сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимзодаа Мирзоватан, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, сардори нозироти андози шаҳр Исмат Холов, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳр Мафтун Қурбонзода иштирок намуданд.

Дар ҷаласа тибқи банди 1-и нақшаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон оид ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва таҳлили вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон дар давраи солҳои 2023-2024 дар шаҳри Гулистон баррасӣ гардиданд.

Муовини прокурори шаҳр Малика Мухадярова доир ба таҳлили вазъи ҷинояткорӣ, нозири кор бо ноболиғони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳриГулистон Содиқзода Рухшона доир ба вазъи ҷинояткории нобрлиғон ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ доир ба ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” гузориш манзур намуданд.

Сипас, аз ҷониби аъзои Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон масъалаҳои мазкур мавриди муҳокимаву натиҷагирӣ қарор дода шуданд.