28 Апрел 2025
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон мерасонем, ки санаи 29.04.2024 соати 16:30 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври аввали Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Ашт"-и ноҳияи Аштро қабул менамояд ва дастаҳо барои ба даст овардани нахустин имтиёзҳо дар мавсими нави футбол шӯру шавқ рақобат менамоянд.
Лозим ба зикр аст, ки даври якуми бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм дар минтақаи Суғд бо иштироки 12 даста аз имрӯз оғоз мешавад.
Ҳамаи мухлисони футболро ба тамошои нахустин бозии мавсим ва ҳамчунин бозии хонагии дастаи "Гулистон"-и шаҳр даъват менамоем.
Ҳузури мухлисон дар варзишгоҳ ба бозигарон рӯҳия мебахшад. Биёед ва бо ҳузури худ ба бозигарон рӯҳияи пирӯзӣ бахшед.
Оғози бозӣ соати 16:30