zoofirma.ru

Имрӯз, 08.05.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи МИҲД - и вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 собиқадоронро аёдат намуда, бо Рӯзи Ғалаба муборакбод гуфтанд.

Нахуст, Нухсора Олимоваи 93-сола, ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Машарипов Ғиёсиддин, сокини шаҳраки Чоруқдаррон аёдат карда шуд. Гуфта шуд, ки Ғиёсиддин Машарипов, омӯзгор соли 1942 ба фронт сафарбар гардида, то Рӯзи Ғалаба дар майдони ҳарбу зарб корномаву матонат нишон дода, соли 1946 рухсат дода шуда, ба кишвар баргаштааст. Барои корномаҳои ҷангӣ бо як қатор ордену медалҳо қадрдонӣ карда шудааст. Пас аз бозгашт ҳамчун куҳкан дар шаҳраки Чоруқдаррон то замони нафақаи меҳнатӣ кору фаъолият намуда, соли 2004 аз олами ҳастӣ чашм пӯшидааст. Имрӯз фарзандону пайвандонаш аз рӯзгори ибратомӯзи ӯ ифтихор ва пайравӣ мекунанд.

Сипас, иштирокчии барқароркунандаи сохти конститутсионӣ, маъюби гурӯҳи дуюм Ҳусейнов Ислом, аз маркази шаҳр аёдат карда шуд.

Зикр карда шуд, ки давлату ҳукумати кишвар заҳмат, фаъолият ва фидокориҳои онҳоеро, ки барои ҳифзи Ватан саҳмгузорӣ намудаанд ҳамеша қадр менамояд.

Ба собиқадорон туҳфаҳои пулӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маводҳои хӯрока аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.