14 Май 2025
Санаи 14.05.2025 дар толори Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо сокинон доир ба самаранок истифода бурдани неруи барқ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, сармутахассиси маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳр ва раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ аз 15.04.2025, №2164 тағйирот ворид карда шуд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025, барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025, 24/2-37, қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025, №118 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ”, қарори раиси шаҳри Гулистон “Дар бора таъсис додани гурӯҳи корӣ” аз 06.05.2025, №120 бо мақсади ба аҳолӣ ва дар корхонаву муассисаҳо фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳр гурӯҳ корӣ таъсис дода шудааст.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки баҳри сарфаю саришта истифода бурдани захираҳои энергетикии кишвар аз ҷумла неруи барқ кӯшиш намуда, ба роҳҳои ғайриқонунӣ истифодабарии он даст назананд.