zoofirma.ru

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо оилаҳои барӯманду намунавӣ - оилаи Мамадҷоновҳоро дидор кард ва онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд.

Оилаи Мамадҷоновҳо яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Гулистон мебошанд.

Мамадҷонов Исмоил Иброҳимович ва Қосимова Каромат Маҳмудовна тули 48 сол зиндагии якҷоя дошта, соҳиби се фарзанд, ду духтар ва як писар, 10 набера ва 3 абера мебошанд.

Мамадҷонов Исмоил Иброҳимович беш аз 45 сол собиқаи корӣ, ҳамчун духтури ҷарроҳ дар шаҳри Гулистонро доро мебошад ва алҳол низ фаъолияти меҳнатии худро идома дода истодааст. Мавсуф тули ин солҳо шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба халқ хидмати софдилона намуда истодааст.

Қосимова Каромат Маҳмудовна солҳои зиёд дар соҳаи роҳбарикунанда мудири бахши САҲШ, мудири шуъбаи маорифи шаҳр, муовини Раиси шаҳр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр фаъолияти босамар намудааст. Алҳол раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон мебошад.

Оилаи Мамадҷоновҳо дар шаҳр соҳибэҳтиром мебошад ва дар тарбияи оилаҳои ҷавон ва насли наврас саҳми арзанда доранд.