zoofirma.ru

Ҷавонони гиромӣ!

Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди шаҳрро табрику таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Бояд зикр кард, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст.

Алҳол дар шаҳри Гулистон беш аз 28 дарсади теъдоди сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рўҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайёст.

Соли равон барои дастгирии ҷавонони шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр 40 нафар ва маблағи он 1800 сомониро ташкил дод, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шаҳр гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зикр намуданд, ки: "Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед.

Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайратуР матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам.

Бовар дорам, ки шумо анъанаҳои ватандӯстиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкории халқамонро идома бахшида, Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта мегардонед ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоред".

Мо бояд ифтихор намоем, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ дорем ва ворисони фарҳангу тамаддуни бостонӣ ҳастем. Аз ин лиҳоз, сидқан дўст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии мо бошад.

Бори дигар ҳамаи Шумо - ҷавонони саодатманди Гулистонро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон ҳастед, ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод, осмони соф, азму талошҳои нав ба нав дар ҷодаи созандагиву бунёдкориҳо таманно менамоям. Ҳамзамон итминон дорам, ки Шумо бо кору пайкори созанда ва неруи қавӣ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва кишвар саҳми арзандаи худро мегузоред.

Рўзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод, ҷавонони азиз!