23 Июн 2025
Имрӯз, 23.06.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - омили устувории давлати соҳибистиқлол” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, шоир Адибаи Хуҷандӣ, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев ва мутахассиси бахши кор бо дин, танзими ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Шаҳбоз Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зирк карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ – барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил ба шумор рафта, асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон таҷассум мекунад, ки соли равон аз таърихи баимзорасии ин санади сарнавиштсоз 28-сол сипарӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи он таъкид намудаанд, ки: “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.
Дар баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ва сулҳу осоиштагӣ болоравии некуаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати мо дар миқёси байналхалқӣ хеле мустаҳкам гардидааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар боз як далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд”.
Ҳамин тавр, дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ва зуҳури таҳдидҳои нав ба нав нақши Ваҳдати миллӣ дар нигоҳдории суботи ҷомеа ва устувор нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлоламон ҷойгоҳи хосаеро касб мекунад ва мебояд, ки онро гиромӣ дорем.
Дар фарҷоми Конференсия як қатор кормандони соҳаи фарҳанг ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман!" бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.