zoofirma.ru

Санаи 24.06.2025 муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён тибқи дастури Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дидан намуд.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Хуршед Бердиев иттилоъ дод, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллӣ дар шаҳрак 13 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз 10 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои бозсозиву сохтмонӣ идома дорад.

Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тибқи нақша бояд 280 иншоот сохта ба истифода дода шавад, ки то имрӯз 184 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар идома муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён аз муассисаҳои таълимиву тандурустии шаҳрак дидан намуда, барои тақвияти корҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустиву фарҳанг ба масъулин супоришҳо дод.