zoofirma.ru

Имрӯз, 25.06.2025 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Модарон - посдори Ваҳдати миллӣ” бо иштироки бонувони фаъол, кормандони соҳаҳои гуногун ва занони хонашин  баргузор карда шуд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, Шарифа Отаҷонова муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Азиза Мирзохоҷаева мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Меҳровари Масчоҳӣ шоир, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ва Матлуба Сатторова мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва оғози марҳалаи навин дар рушду такомули давлатдории тоҷикон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро овард».

Таърих гувоҳ аст, ки ризоят дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ кафили истиқлоли ҳар як давлат ва устувории он дар пешорӯи таҳдиду хатарҳо мебошад. Дурустии ин фикрро мисолҳои зиёде аз таърихи давлату миллатҳо, бахусус таърихи пурпечутоби давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик, тасдиқ менамоянд.

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо аҳаммияти сиёсиву иҷтимоӣ, балки аҳаммияти ҳаётӣ дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи ин халқи тамаддунофар гардидааст. Ин мафҳум муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеаро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, устувории давлатдорӣ ва дар маҷмуъ, рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ифода мекунад.

Дар се даҳсолаи охир Ваҳдати миллӣ ба давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошта, барои рушду пешрафти ҷомеа мусоидат намуд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳамкории мунтазами ҷомеа ва мақомоти давлатӣ, мубориза бо таҳдидҳои экстремистӣ ва идеологӣ танҳо тавассути ҳамоҳангии ҳама гуна қишрҳо ва созмонҳои ҷомеа имконпазир мебошад.

Таъкид гардид, ки модарони тоҷик аз азал то ба имрӯз посдори ваҳдату сулҳу осоиштагӣ ҳастанд ва нақши онҳо  дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир мебошад.

Занон бо сухан ва амали созандаю ваҳдатофарашон худро чун неруи аз ҳама фаъол ва муташаккили ҷамъиятӣ-сиёсӣ нишон дода дар тарғиби фарҳанги сулҳу ваҳдат саҳми бориз гузоштанд. Занон табиатан ваҳдатовар буда, эҳсоси масъулияти бузург дар назди тақдири ояндаи фарзандон, оила ва ҷомеа бонувонро дар талош барои ҳаёти солим ва осоишта муттаҳид сохт.

Дар идомаи кори конференсия аз Меҳровари Масчоҳӣ шоир, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аз ашъори худ доир ба Ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат намуд ва ҳамчунин ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Маҳваш Бойматова ва Мастура Ҷалилова дар васфи Ватан ва сулҳу ваҳдат шеърҳо қироат карда шуд.

Дар интиҳо изҳори итминон карда шуд, ки модарон минбаъд низ бо садоқатмандӣ, ҳисси баланди миллӣ, таҳаммулпазирӣ, сулҳдӯстӣ, тарбияи арзандаи наврасону ҷавонони ватандӯст ва ҳиссагузорӣ  дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба устувору поянда нигоҳ доштани Ваҳдати миллии кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.

Кори конференсия бо зам-замаи Суруди миллӣ ба таври зинда аз ҷониби иштирокчиён ба охир расид.