zoofirma.ru

Имрӯз 26.06.2025 дар шаҳри Гулистон дар остонаи таҷлили 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Маркази хизматрасонии “Инкишоф” дар заминаи ҶДММ “Абдуваҳҳоб” бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Маркази хизматрасонии “Инкишоф”, дорухона, маркази дилхушии бачаҳо ва ошхона мавҷуд аст, ки дар ошхона беш аз 20 навъи хӯрокҳои милливу аврупоӣ барои мизоҷон пешниҳод карда мешавад. Маркази хизматрасонии “Инкишоф” бо маҷмуи хизматрасониҳои гуногунҷабҳа макони мувофиқ барои хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр мебошад.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба соҳибкори маҳаллӣ барои бо тарҳи аъло ва бо сифати баланд ташкил кунонидани маркази хизматрасонии мувофиқ ба талаботи замони муосир баҳои баланд дод.

 

Ҳамчунин, барои 40 нафар кӯдакони ятим ва аз оилҳои камбизоат бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода наврасонро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, таъкид намуд, ки кӯдакони бо амри тақдир аз волидайн маҳрум шуда, аз оилаҳои бесаробону камбизоат ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ таҳти ғамхории хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар пайгирӣ аз ин сиёсати хирадмандона мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса равона намуда, онҳоро ба ғамхорӣ фаро мегирад. Хушбахтона имрӯз дар шаҳр барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврасу ҷавон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шуда, наврасону ҷавононро мебояд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳиби донишу касб гардида, дар оянда барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошанд.