20 Июл 2025
Санаи 20.07.2025 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.
Дар шанбегии имрӯза аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонау муассиса ва хиёбону гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷамоати шаҳракҳо низ ҳашарҳои тозагӣ ба роҳ монда шуд.