zoofirma.ru

Санаи 24.07.2025 тибқи нақшаи сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар кӯчаи Рӯдакии маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовинони Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ва Шарифҷони Саидраҳмон, директори МНДСЭ -и шаҳр Қуқанов Исматулло, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Бахтовар Ҷӯразода ва мутахассиси пешбари бахши дин, танзими ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Шаҳбоз Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон доир ба риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 253 қисми 1- вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 382 - риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ намуданд.

Инчунин, доир ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон таъкид карда шуд.

Дар охир сокинон доир ба бархе масъалаҳо ба ҳайати гурӯҳ муроҷиат намуданд.