zoofirma.ru

Санаи 25.07.2025 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и вилояти Суғд Саидов М.И. иштирок доштанд.

Нахуст директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон Қӯқанов Исматилло доир ба фаъолияти шашмоҳа гузориш дод. Зикр карда шуд, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон фаъолияти худро тибқи санадҳои дахлдори амалкунанда ба роҳ монда ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешгирии бемориҳои сироятӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ корҳои мушаххасро ба анҷом расонид. Дар ин давра дар шаҳр бемориҳои махсусан хатарнок ба қайд гирифта нашудааст. Дар шашмоҳаи соли 2025 дар маҷмуъ 218 ҳолати бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як баробар кам мебошад. Дар ин давра ҷароҳатбардорӣ аз ҳайвонот 32 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 адад кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дорандаи гепатити В 3 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 3 ҳолат кам мебошад. Дар ин давра 10 ҳолати бемориҳои сили нав ба қайди диспенсерӣ гирифта шуд.

Дар қайди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон 426 муассисаҳои зери назоратӣ мавҷуд буда, дар ин давра 96 муассиса аз назар гузаронида шуда, ба масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон дар қатори ҳайати гурӯҳи тарғиботии шаҳр мунтазам бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти баланд бардоштани маърифати санитарии сокинон ба роҳ монда истодаанд.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и вилояти Суғд Саидов М.И. доир ба фаъолияти марказ изҳори назар намуд.

Муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён барои тақвияти фаъолияти кории Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон дар шашмоҳаи дуюми соли ҷорӣ вазифаҳои мушаххас ироа намуд.