zoofirma.ru

Имрӯз, 8-уми августи соли 2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар маҳаллаи №2-и маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, сардори шуъбаи шаҳри Гулистони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон, сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода, комисари ҳарбии шаҳр Фитрат Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов ва дигар масъулин иштирок доштанд.

Вохӯриро Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода оғоз намуда, доир ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон, захираи ғизои дусола, самаранок истифола бурдани заминҳои наздиҳавлегӣ, даъват ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид намуд.

Сипас, баромадкунандагон доир ба риояи талаботи Стратеги муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии шомилшавии ҷавонону сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 253 қисми 1- вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 382 - риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ намуданд.

Дар охир сокинон доир ба тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр аз қабили дар назди ҳар як бинои истиқоматӣ сохтани майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, рангубори биноҳои истиқоматӣ, мумфарш намудани роҳҳои боқимондаи доҳили маҳал, бо панҷара иҳота намудани нуқтаҳои партовпартоӣ ва дигар масоил таклифҳо манзур намуда, аз ҷониби масъулин масоили мазкур баррасӣ гардид.