zoofirma.ru

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми январи соли 2025, таҳти рақами 709, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31-уми январи соли 2025, № 33 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи «Тошхоҷа Асирӣ” дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор карда шуд.

Довталабони шаҳри Гулистон, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни мазкур гардида буданд, дар даври вилоятӣ дар миёни беш аз 1050 нафар иштирокчиён фаъолона иштирок карда, шаҳри Гулистонро шоиста муаррифӣ намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун 4 нафар довталабони шаҳри Гулистон соҳиби ҷойҳои 2-юм гардиданд. Аз ҷумла:

1. Мирзоқулова Дилангез - хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр – ҷойи дуюм;

2. Мастура Ҷалилова - хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр – ҷойи дуюм;

3. Фатҳиддин Фатҳиев - омӯзгор, равоншиноси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр – ҷойи дуюм;

4. Сурайё Шарипова - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи давлатии “Гимназияи №1-и ба номаи академик Бобоҷон Ғафуров”-и маркази шаҳр – ҷойи дуюм.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дастоварди назаррас ва арзандаи хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳрро нахуст ба ғолибон, устодони роҳнамо, масъулини соҳо ва куули маорифчиён самимона табрик гуфта, ҷиҳати ба даст овардани дастовардҳои назаррас дар даври ниҳоии озмун барору комёбӣ ва муваффақият таманно менамояд.

МУБОРАКУ ФАРХУНДА БОД!