zoofirma.ru

Санаи 29.08.2025 дар ФМД "Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир" дар шаҳр бо иштироки бонувони ҳунарманд семинар баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, директори ФМД "Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир" ва мутахассиси рушди ҳунармандӣ дар маркази мазкур Озода Тошматова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандгардонӣ ва имтиёздиҳӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ гардида, метавонад ба ташкил ёфтани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат намояд.

Бояд гуфт, ки ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин навъҳои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманд мебошанд. Ҳунарҳои мардумӣ ҳисси зебоипарастии ҳар халқу миллатро таҷассум менамоянд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони мардумӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.

Ҳунар дар ҳама давру замонҳо рисолати созандагии халқияту миллатҳо ва рушду нумӯи соҳаҳоро иҷро менамояд. Таҷрибаҳои таърихӣ низ исбот менамоянд, ки бештари кишварҳои олам тавассути фарҳанг ва ҳунарҳои милливу мардумиашон худро ба оламиён шиносонидаанд. Хусусан ҳунарҳои мардумӣ яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ва навъҳои гуногуни он ба шумор мераванд. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтиромашро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос медорад, вале раванди ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумиро ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, рушду тақвият бахшидани он ва дар ин замина дарёфти ҳунармандони болаёқат яке аз масъалаҳои муҳим дар бахши фарҳанги мамлакат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаашон дар ин самт заминаи бузурге дар рушди ҳунарҳои мардумӣ гузоштаанд. Зеро чуноне ки маълум аст, тоҷикон мардуми куҳанбунёду меҳнатдӯст буда, дар самти ҳунарҳои гуногуни мардумӣ таърихи куҳан доранд ва метавонанд ин анъанаҳои мероси миллии ниёгонамонро идома диҳанд. Ин раванд бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳар миллату давлат хеле муҳим аст