zoofirma.ru

Санаи 12-уми сентябри соли 2025 дар доираи сафари кории Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар деҳаи Зарчашмаи шаҳрак маркази савдои "Хушбахт" ифтитоҳ гардид.

Маркази савдои "Хушбахт" дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусалом Холмуродов бунёд карда шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 38 адади он ба истифода дода шудааст.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода пас аз ифтитоҳи марказ бо сокинони деҳаи Зарчашма ҳамсуҳбат гардида, ба сокинон барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ба таври дастаҷамъона изҳори сипос намуд ва изҳори итминон кард, ки минбаъд низ сокинони ин анъанаи накӯро идома медиҳанд ва деҳаву маҳалли худро боз ҳам ободтару зеботар мекунанд.