20 Сентябр 2025
20-уми сентябри соли 2025 ҳайати кормандони МИҲД-и шаҳр - муовини якуми Раиси шаҳр, муовин, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо бо ҳайати кормандон, кумитаву идораҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар ноҳияи Ашт дар ҷамъоварии тиллои сафед дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" саҳмгузорӣ намуданд. Дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" дар 84 гектар замин пахта кишт карда шуда, бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосил ғундошта шуда истодааст.
Дар ҷараёни чиниши пахта раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба назди ҳашарчиён омада, барои кумак ба деҳқонон ва саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии тиллои сафед изҳори сипос намуданд.
Дар ҷараёни ҳашар санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои дилнишин хотири пахтачинонро шод намуданд.