zoofirma.ru

Дар арафаи ҳар иду айём аёдати табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бо ҳидояти Раиси шаҳр аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин амали нек рўзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ва фарорасии Иди саиди Фитр ба вуқўъ пайваст.

Ашхоси яккаву танҳо ва ниёзмандон Валентина Иванова, Мария Погарелова, Махфират Раҳмонова, Малоҳат Расулова, Гулбаҳор Усарова, Нусрет Чашли, Вера Вострикова, Бобоҷон Ахмедов, Ҳалима Ғафурова, Галина Кочеткова барои чунин иқдоми накў арзи сипоси хешро ба Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баён медоранд.