zoofirma.ru

Санаи 15-уми октябри соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон шоми ёдбуди нахустсармуҳаррири рӯзномаи “Соҳил” Мадализода Илҳом Раҳим дар ҳалқаи дӯстону пайвандон ва алоқамандон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Карим Шариф ва дӯстону пайвандону собиқ ҳамкорону алоқамандон доир ба кору пайкори шоир ва рӯзноманигори варзида Мадализода Илҳом Раҳим суҳбат намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки Мадализода Илҳом Раҳим 1 сентябри соли 1960 дар шаҳраки Адрасмони шаҳри (Қайроққум) Гулистон чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1967 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 қадам ранҷа намуда, онро соли 1978 хатм намудааст.
Соли 1978 ба ҳозира факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 1982 бо баҳои аъло хатм намудааст. Аз соли 1982 то соли 1992 дар муассисаҳои таълимии №5, №7 ва №8 шаҳри Гулистон фаъолияти омӯзгорӣ доштааст.
Моҳи майи соли 1992 котиби кумитаи иҷроияи шӯрои намояндагони халқи шаҳри Қайроққум интихоб гардидааст.
Ёздаҳуми марти соли 1998 бо ташаббуси Мадализода Илҳом Раҳим дар шаҳри Гулистон нахустин рӯзномаи расмии шаҳрии “Соҳил” таъсис дода шудаа, то соли 2012 вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи мазкурро худи ӯ бар дӯш доштааст.
Аз соли 1994 то 1999 аъзои комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Аз соли 2016 то дами вопасини ҳаёт 14-уми марти соли 2022 вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистонро бар уҳда дошт.
Ӯ муаллифи китобҳои “Ашки шабнам” (2000), “Ватанам Тоҷикистон” (2003), “Садои мусофирӣ” (2010), “Кашфиёт” (2014) ва “Гули илҳом” мебошад.
Барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон сарфароз гардидааст.
Мадализода Илҳом Раҳим дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатӣ дар шаҳри Гулистон як қатор шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти меҳнатӣ намуда истодаанд .
Ҳамчунин, дар шоми ёдбуд хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ва наберагони шоир аз ашъори ӯ шеърҳо қироат намуданд. Инчунин, сарояндагони машҳур аз ашъори шоир шеърҳо сароида, ба маҳфили ёдбуд шаҳомати хоса бахшиданд.