zoofirma.ru

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи сокинони шаҳрро ба муносибати Иди саиди Фитр табрику муборакбод намуда, бароятон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми шаҳр чун тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоламон дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, такмилёбии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Сарчашмаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ  ва қонеъ сохтани  ниёзҳои рўҳонӣ азизу гиромӣ мебошад.

Дар ҳамин замина мардуми таҳаммулгарои мо моҳи Рамазон ва Иди саиди Фитрро гиромӣ медоранд. Зеро ин суннатҳои муборак таҷассумкунандаи ваҳдати аҳли ҷомеа, тарғибгари дўстиву рафоқат, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии одамон буда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ даъват мекунанд, ба ҳамдигар кўмаку дастгирӣ карданро меомўзонанд ва иҷрои ин суннатҳои писандидаро беҳтарин василаи ба даст овардани ризои ҳақ мешуморанд.

Ҳар як инсони савобҷў, агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти ҷисму рўҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва мўҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад.

Дигар аз фазилатҳои моҳи Рамазон ва Иди саиди Фитр аз он иборат аст, ки инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад.

Дар рўзҳое Иди саиди Фитр таҷлил мегардад, ки ба санаи тақдирсози таърихи навини халқамон – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бисту панҷ сол пур мешавад. Ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузург бояд ҳар фарди тоҷик омодагии ҷиддӣ бинад, содиқонаву софдилона заҳмат кашад ва ҳар соату ҳар рўзро барои ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва осоиши рўзгори мардуми шарифамон самаранок истифода намояд.

Ҳамшаҳриёни арҷманд! Ҳамаи Шуморо бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саид ва мукаррами Фитр табрик мегўям ва бароятон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рўзгори босаодат, ризқу рўзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу дорам.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!