22 Ноябр 2025
Имрӯз, 22.11.2025 дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Парчам - рамзи ҳастии миллат” роҳпаймоӣ доир гардид.
Дар роҳпаймоӣ беш аз 3000 нафар ҷавонони коллеҷи тиббӣ, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Гулистон бо Парчам ва шиору овезаҳои "Парчам - рамзи ҳастии миллат", ", “Тоҷикистон ба пеш!", “Пешвои миллат ифтихори халқи тоҷик”, “Поянда бод Тоҷикистон”, бо рӯҳияи болида иштирок намуданд.
Роҳпаймочиён аз назди бинои шуъбаи маорифи шаҳр то назди Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳр роҳпаймоӣ намуданд.
Сипас, роҳпаймочиён дар чорабинии идона, ки дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид иштирок намуданд.