24 Ноябр 2025
Доир ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, пешгирии талафот ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ прокуратураи шаҳри Гулистон гуруҳи корӣ ташкил намуда, ҷиҳати ба самъи аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо, фаъолон ва зиёиён расонидани моҳияту мазмуни тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқаррар шудани ҷиноят ва пурзур шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳар як истеъмолкунанда вазифадор аст, ки ҳисобкунакҳои барқиро дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, саривақт маблағҳои истифодаи қувваи барқро пардохт намояд, таҷҳизотҳои барқиро мунтазам зери назорат қарор дода, таҷҳизотҳои аз меъёр зиёд масрафкунандаи қувваи барқро бо дарназардошти меъёрҳо ба роҳ монад.