zoofirma.ru

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоии озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон 2 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 нафар омӯзгорон фаъолона ширкат намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Фатҳиев Фатҳиддин равоншиноси МТМУ №14-и маркази шаҳри Гулистон дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва Сурайё Шарипова омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МДТ "Гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар номмнатсияи адабиёти классикии тоҷик сазовори мақоми сеюм гардид.

Саҳми масъулини соҳаи маорифи шаҳр, котиби комиссияи озмун дар шаҳр дар роҳнамоӣ ва ба муваффақият даст ёфтани иштирокчиён назаррас мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ғолибият дар даври ниҳоии ин озмуни пурнуфузро ба ғолибон ва масъулини соҳаи маорифи шаҳр муборакбод мегӯяд.