16 Декабр 2025
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №1071 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2025" ва қарори раиси шаҳри Гулистон, баҳри иҷрои сифатноки нақшаи даъват дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Роҳандозии тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки шаҳри Гулистон санаи 16 октябри соли ҷорӣ, нақшаи босифати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд.
Фаъолияти дастаҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кутоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" низ ба иҷрои саривақтиву босифати нақшаи даъвати баҳорӣ мусоидат намуд.
Ҳайати Комиссияи даъват дар ин марҳифаи фаъолияти арзанда нишон доданд. Ба ин муносибат дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомад доир гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба ҳайати Комиссияи даъват барои фаъолияти назаррас, ҷиҳати пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъват изҳори сипос намуд.
Сипас, ҳайати Комиссия бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.