18 Декабр 2025
Тибқи нақшаи кори Раёсати маорифи вилояти Суғд рӯзҳои 26–27 ноябри соли 2025 гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилоят бо мақсади омӯзиш ва санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон аз муассисаҳои таълимии шаҳр боздид ба амал овард.
Зимни санҷиш ҳолати риояи қонунгузории соҳаи маориф, иҷрои барномаҳои давлатӣ, сатҳи таълиму тарбия, фаъолияти омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, инчунин шароити моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҳамзамон ҷараёни баргузории дарсҳо, фаъолияти маҳфилҳо ва риояи талаботи меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ аз назар гузаронида шуд.
Санаи 16 декабри соли 2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мирзозода Г., кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиш баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз натиҷаҳои санҷиш баромад намуда, фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар фарҷом кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, оид ба иҷрои онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда маълумот пешниҳод намоянд.