31 Декабр 2025
Санаи 29.12.2025 дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Илм - фурӯғи маърифат" доир гардид.
Дар маросими ҷоизасупории озмунҳои мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №АП-709, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 январи соли 2025, №33, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 12.03.2025, №57 ба тсвиб расида даврҳои муассисавӣ ва шаҳрии озмун дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар давр шаҳрии озмун 567 нафар довталаб, аз ҷумла 520 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), 37 нафар омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, дар доираи талаботи озмун оид ба аз ёд намудани осори манзум ва мутолиаи осори мансур малакаву истеъдоди худро нишон доданд.
Дар натиҷаи баҳогузоии ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муайян гардида, 75 нафар ба даври вилоятии озмуни мазкур мувофиқ дониста шуданд, ки аз ин шумора 54 нафар хонандагон, 6 нафар донишҷӯён, 15 нафар омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногунро ташкил доданд.
Довталабони гулистонӣ дар даври вилоятии озмун соҳиби 4 ҷой ва дар даври ниҳоии озмун сазовори 2 ҷой гардиданд.
Ҳамчунин, даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурғӯи маърифат” дар сатҳи баданд баргузор гардида, дар ин даври озмун 255 нафар довталабон иштирок намуда, 58 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятии озмун роҳ ёфта, фаъолона иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҳамаи ғолибони даври шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои мазкурро самимона муборакбод намуда, ба масъулини соҳа арзи сипос намуд.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ як қатор омӯагорон бо нишони сарисинагии "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон", як қатор хонандагон бо шаҳодатномаи узви вобастаи академияи хурди фанҳо ва ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Илм - фурӯғи маърифат" бо диплом ва ҷоизаҳои пулӣ, омӯзгорони онҳо бо сипоснома ва ҷоизаҳои пулӣ ва як қатор волидайн бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.
Сипас, намоиши омодагардидаи хонандагон пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.