zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни азиз!
Мо дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2026 қарор дорем. Ба ин муносибат кулли сокинони шаҳрро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳр саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
Соли 2025 дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.
Сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» низ дар радифи намояндагони дигар манотиқи кишвар дар соли 2025 фаъолияти пурсамар намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собитқадамона саҳми арзишманди худро дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли худ гузоштанд.
Соли 2025 барои шаҳри Гулистон соли накӯ ва пур аз дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр буд.
Бояд зикр кард, ки дар давоми сол ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамзамон, ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 16 декабр ба Маҷлиси Олии кишвар моро водор месозад, ки дар соли нави омадаистода  ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои ободониву пешниҳод намуданд, соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шавад.
Инчунин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Соли нави мелодии 2026 таъкидл намуданд, ки: “Соле, ки фаро мерасад, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли хеле муҳим – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва мо бояд ба ифтихори ин ҷашни бузург корҳои азимро ба анҷом расонем”. Моро лозим аст, ки барои татбиқи ин пешниҳоди Роҳбари давлат саъю талош намоем.
Бори дигар ҳамаи ҳамшаҳриёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек, комёбиҳои рӯзафзун ва ба Тоҷикистони азизамон осмони софу ваҳдати ҷовидониро орзу менамоям.
Соли нави мелодии 2026 муборак бод!