31 Декабр 2025
Имрӯз, 31.12.2025 дар қисми ҳарбии 0216-и дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмон чорабинии идона бахшида ба Соли нави мелодии 2025 баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Улуғбек Хоҷаев суханронӣ намуда, афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва тамоми ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бахшида ба Соли нави мелодӣ шодбош намуд. Баъд аз фарҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозон дастархони идона ташкил карда шуд.