zoofirma.ru

19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар ҷамоат беш аз 16 ҳазору 700 нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд ва сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вашаҳри Гулистон дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона саҳм мегузоранд.

Бо ҳашари дастаҷамъона ва маблағгузории сокинони деҳаи Зарчашмаи ҷамоат бинои бунгоҳи тиббӣ навсозӣ ва таъмир шуда истодааст. Бинои мазкур қаблан якошёна буда, дорои се ҳуҷраи корӣ буд. Айни замон сокинон қабати дуюмро бо панҷ ҳуҷраи иловагӣ бунёд намудаанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кӯмаки аввалияи саривақтӣ мусоидат хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бунгоҳи тиббии деҳаи Зарчашма як табиби тибби оилавӣ, се ҳамшираи шафқат ва як корманди хоҷагидорӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бо бунёди ҳуҷраҳои нави корӣ фаъолияти ҳуҷраи дандонпизишкӣ, хатна, физиотерапия ва тибби атфол ба роҳ монда шуда, шумораи умумии ҳуҷраҳои корӣ ба 10 адад мерасад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид таъкид намуд, ки шаҳрвандони солим сарвати бебаҳои миллат буда, расонидани кӯмаки тиббии саривақтӣ вазифаи муҳимтарини кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Роҳбари вилоят ҳамчунин ба саҳмгузорони корҳои ободонӣ ва сокинони деҳа барои ташаббусҳои созанда изҳори сипос намуда, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо дод.

Дар идома Раиси вилоят дар кӯчаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо рафти корҳои ободонӣ ва сохтмони майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол шинос гардид. Майдонча бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст бунёд шуда, корҳои асосӣ дар он ба анҷом расидааст. Таъкид шуд, ки чунин иншоот ба ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва дур нигоҳ доштани онҳо аз амалҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Ҳамчунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар кӯчаи асосии ҷамоат бо иштироки Раиси вилоят оғоз гардида, беш аз 100 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд. Қайд гардид, ки корҳои сабзгардонӣ дар деҳаҳои ҷамоат идома хоҳанд ёфт.

Дар анҷоми боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода собиқадорони соҳаи тандурустӣ Ҳайдаралӣ Маюнусов ва Ҳусенбой Мирзовалиевро аёдат намуда, барои хизмати содиқонаашон изҳори миннатдорӣ карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳо тақдим намуд.