21 Январ 2026
Санаи 20.01.2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи омӯзиши пешаздаъватӣ доир ба иҷрои доир ба иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд №335 аз 19 декабри соли 2025 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон №332 аз 11 декабри соли 2025 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳоронаи соли 2026 таҳти раёсати Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси комиссияи даъват, комиссари ҳарбӣ ва ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони зерсохторҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, КИ ҲХДТ ва дигар масъулин иштирок доштанд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҷаласаро оғоз намуд. Комиссари ҳарбии шаҳр Фитрат Раҳмонзода доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон №332 аз 11 декабри соли 2025 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳоронаи соли 2026 гузориш манзур намуд.
Зикр карда шуд, ки масъулини комиссяи даъват, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои масъул ҷиҳати омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ корбарӣ намуда истодаанд.
Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани даъватшавандагон тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил намудан дар курси ронандагӣ 10 - нафар муқаррар карда шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои таҳсили 45 нафар даъватшаванда дар Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” нақша тасдиқ шудааст ва бақайдгирӣ идома дорад.
Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар масъулин доир ба раванди омӯзиши пеш аз даъватӣ пурсиш ба амал оварда, барои тақвияти фаъолият супоришҳои мушаххас дод.