zoofirma.ru

Дар толори хурди МИҲД-и шаҳр бо иштироки аъзои Шуро, фаъолзанон ва масъулин ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти Шурои кор бо занон ва оила ва Комиссияи кор бо ноболиғон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова ва котиби мақомоти васояти парасторӣ Мадина Каримова иштирок намуданд.

Доир ба фаъолияти Шурои кор бо занон Матлуба Сатторова ва доир ба фаъолияти мақомоти васояти парасторӣ Мадина Каримова гузориш доданд. Пас аз гузориши музокирачиён муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ба масъулин барои тақвияти корҳо супоришҳо дод.