22 Феврал 2026
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Сарбозону афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар!
Аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад 33 сол сипарӣ гардид.
Ба муносибати ин санаи фархунда афсарону сарбозон, собиқадорони соҳа ва кулли ҳамшаҳриёнро самимона муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори босаодат ва дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ҷасорату матонати қавӣ таманно менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.
Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозон қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро қурбон карданд.
Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.
Хушбахтона, имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд ва итминони комил дорам, ки ин анъанаи накӯ пойдор мемонад.
Бори дигар, собиқадорон ва сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва кулли сокинони шаҳрро бо 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори босаодат ва дар ҳифзи марзу буми Ватан садоқату матонат ва комёбиҳову музаффариятҳо таманно менамоям.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!