25 Феврал 2026
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода аз 19 январи соли 2026 ва дастури раиси шаҳри Гулистон, раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Илҳом Пулотзода дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр мулоқоти ҳайати таблиғотӣ таҳти унвони «Модар – чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт» бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки бонувони фаъол баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади гиромидошти мақому манзалати зан-модар, таҳкими арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба нақши созандаи модарон дар ҷомеа доир карда шуд.
Дар мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, намояндаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимова, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Матлуба Сатторова Матлуба иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст иштирокдорон оид ба дастгирии давлатии занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки зан-модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгар ва раҳнамои наслҳо дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва суботи ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Қайд карда шуд, ки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии кишвар ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва дастгирии ташаббусҳои онҳо равона гардидааст.
Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба нақши модар дар таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот ва тарбияи фарзандон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.
Баромадкунандагон зикр карданд, ки маҳз меҳру муҳаббат ва дуои модар ҷомеаро ба сӯи пешрафту ободӣ раҳнамун месозад.