zoofirma.ru

Бо ҳамин ном вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё ҳамоиш баргузор гардид.

Прокурори шаҳр Вазир Вазирзода Паёми навбатии Сарвари давлатро идомаи роҳандозӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат марбут ба таъмини зиндагии шоиста ба мардум арзёбӣ кард. Ҳамин тариқ, Паём ба тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ раҳнамо буда, таҳлили амиқи самтҳои гуногун бо таклифу дастурҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани вазъ амалӣ шуда истодааст, - таъкид дошт баромадкунанда.

Ҳамзамон, аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ум “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносивухудогоҳии миллӣ” эълон гардид.

Мардуми мо, хосатан, ҷавонони кишварро зарур аст, ки пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан, кӯшиш намоянд, ташаббус ва нерӯи созандаи худро ба манфиати рушди Тоҷикистони азизамон равона созанд, - зикр намуд прокурори шаҳр.

Дар идомаи чорабинӣ Вазир Вазирзода қабули сайёри шаҳрвандонро роҷеъ ба масоили гуногун анҷом дод.