11 Март 2026
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март таҷлил гардид. Дар он Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода, фаъолон, собиқадорон, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурию вилоят ва аҳли эҷодӣ нашрияи “Соҳил” иштирок доштанд.
Илҳом Пӯлотзода ҳини шодбошӣ нақши матбуотро дар инъикоси ҳаводиси замон, рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ва расондани иттилооти солиму таҳлилшуда муассир арзёбӣ кард.
- Дар таърихи беш аз садсолаи мавҷудияташ матбуоти тоҷик рисолати худро содиқона ба ҷо оварда, имрӯз ҳам мавқеи устувор ва ҷойгоҳи хос дорад. Мақому мавқеи матбуот, пеш аз ҳама, аз таҷрибаи пешқадаму бойи он сарчашма мегирад, -таъкид дошт, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода.
Сипас як гурӯҳ собиқ сармуҳаррирони ҷаридаи “Соҳил”, собиқадорон, намояндагони ВАО-и кишвар ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Соҳил” бо сипосномаю мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Тантанаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” тақвиятбахши он аст, ки дар ҳақиқат матбуот яке пояҳо ва аркони муҳими давлати демократӣ ва аз муҳимтарин расонаҳои хабарии ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Матбуот ба унвони пули иртиботӣ байни мардум ва масъулон анҷоми вазифа мекунад.
- Аз соли 1994 дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи фархунда ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф”, ки шумораи аввалинаш 11-уми марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад, - дар баромади хеш зикр дошт, раиси Бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷиқистон Ҷовиди Аштӣ.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ёдовар шуд, ки воқеан, фаъолият намудан дар рӯзнома ва ҳар рӯз бохабар шудан аз ҷадидтарин маълумоту навгониҳо корест аҷиб. Ҳангоме, ки ба гузаштаи як рӯзнома назар мекунӣ, дармеёбӣ, ки дар ҳар як саҳифаи ӯ таърихи чандсолаҳо нуҳуфтааст.