zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳайати кормандони прокуротураи шаҳрро бо ҷашни касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори осуда ва дар иҷрои  рисолати пуршарафатон барору комёбӣ таманно менамояд.
Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст. Таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “кормандони мақомоти прокуратура чашми давлат мебошанд ва вазифадоранд, ки ҳамеша дар хизмати халқ бошанд, ҳама гуна камбудиву қонуншиканиро дар ҷомеа сари вақт ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ намоянд”.
Имрӯз, ҷомеа шоҳиди он аст, ки кормандони мақомоти прокуротура ин рисолати касбии худро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Бори дигар Шуморо бо иди касбиатон муборакбод  гуфта, дар фаъолияти меҳнатиатон комёбиҳои назаррасро орзу намуда, итминон дорам, ки минбаъд низ фаъолияти худро ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ, рушди устувори давлат, таъмини қонуният ва суботу оромии ҷомеа равона месозед.
Рӯзи кормандони мақомоти прокуротура муборак бод!