14 Март 2026
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон санаи 14.03.2026 бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва зебогардонии ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ ба роҳ монд.
Ин тадбир бо мақсади амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, таҳти рақами 374 "Дар бораи барномаи кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи эълон намудани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" сурат гирифт.
Дар доираи ин иқдоми муҳими ҷамъиятӣ кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо, боғи фарҳангиву фароғатии "Темурмалик" ва шафати роҳҳои асосиро тозаву озода намуданд.
Баргузории чунин иқдомҳо ба беҳтар гардидани ҳолати санитарӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳр мусоидат менамояд.