zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода ҷаласаи Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламрави шаҳр баргузор гардид.

Дар кори Комиссия аъзо ва масъулони хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода оғоз намуда иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Дар кори ҷаласаи Комиссия мавзуъҳои зерин баррасӣ гардиданд: тасдиқи нақшаи кории Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои шаҳр барои соли 2026, ахбороти сардори ШБДА-и шаҳри Гулистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 22-юми декабри соли 2025, №349 «Дар бораи таъсиси Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламрави вилояти Суғд” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 21-уми январи соли 2026 ва вазъи садаманокӣ дар роҳҳои қаламравӣ шаҳр дар соли 2025.

Котиби Комиссия Муҳсин Анорқулзода доир ба масъалаи якуми рӯзнома суханронӣ намуд. Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома сардори ШБДА-и шаҳри Гулистон Қаландарзода М.Қ. суханронӣ намуд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Комиссия муовини якуми Раиси шаҳр, раиси Комиссия Даврон Муҳаммадзода ба аъзои Комиссия, масъулини ШБДА-и шаҳри Гулистон ва масъулони хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар доир ба тақвияти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳо супоришҳо дод.