21 Март 2026
19 марти соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз Муассисаи ғайридавлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон" чорабинии идона баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳр Замира Исматзода ва директори коллеҷи тиббӣ Маъруфҷон Холматов иштирок намудан, иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.
Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт. Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.
Бинобар ин, Наврӯз бо ҳама расму суннатҳояш дар шарёни мардуми мо зинда монд ва ҳатто баъди истилои сарзамини аҷдодии мо аҷнабиён, ки рӯҳи миллии гузаштагонамонро шикаста натавониста, онро бо номи аслияш, яъне Наврӯз пазируфтанд. Аз ин нукта, Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.
Яке аз розҳои нерӯмандии ойини Наврӯз ҳаминсириштӣ ва табиӣ будани худаш аст. Ва далели аз тарафи миллатҳои зиёд пазируфтани Наврӯз низ дар ҳамин аст. Наврӯз агарчи бо ривоятҳои зиёде чун як ҷашни тақвимӣ ва қарордодӣ таъбир ёфтааст, вале беш аз инҳо таъбири сиришти табиӣ ва кайҳонӣ доштанаш муфассалтар ва дурусттар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид намуданд, ки: “Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, навозиши ятимону маъюбон, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад”.
Донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ бо омодагии комил, бо қироати шеъру гуфторҳо дар васфи Наврӯз, суруду таронаҳо, базми гулгардонӣ, бадоҳахонӣ, намоиши расму оиниҳои наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардонида, ҷашни Наврӯзро дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор намуданд.