26 Март 2026
Санаи 25.03.2026 бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дарвозаи даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, ки ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии мақомоти худидоракунии ҷамоати шаҳрак ва соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳи зебову замонавӣ навсозӣ гардида буд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Илҳом Пӯлотзода зимни суҳбат бо сокинон онҳоро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфта, таъкид намуд, ки моро мебояд, ки боз ҳам корҳои ободониву созандагиро ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" тақвият бахшем.
Фирӯза Тахтаева раиси ҷамоати шаҳрак иттилоъ дод, ки барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Чоруқдаррон 18 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 14 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва дар дигар иншоотҳо корҳо бо маром ҷараён доранд.
Ба раиси ҷамоати шаҳрак ва дигар масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.