zoofirma.ru

Имрўзҳо дар тамоми гўшаю канори кишвар барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллат биступанҷумин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон омодагиҳо идома дорад.

Дар ин рўзҳои фараҳбахш шодии мо, як гурўҳ сокинони шаҳраки Чоруқдаррон ҳадду канор надорад. Солиёни зиёд боз иҷоранишин будем. Бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Матлубахон Амонзода ва дастгирии роҳбарияти ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” соҳиби манзили истиқоматӣ гардидем. Мо шукрона аз истиқлол ва ифтихор аз соҳибватанӣ менамоем. Ҷавобан ба ин ғамхорӣ минбаъд низ тамоми саъю кўшиши хешро баҳри таҳкими Ваҳдати миллию ободии кишвари азизамон сафарбар карда, баҳри татбиқи сиёсати башардўстонаю ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоён хоҳем гузошт.

Санобар Нарзуллоева , Миралӣ Шарипов,
Абдуваҳҳоб Назаров, Ҷўрабой Эрманов,
Сабоҳат Усарова, Муҳайё Ҷўраева