zoofirma.ru

Имрӯз, 10-уми апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода як қатор шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта, муроҷиатҳои онҳоро шунида мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимни қабул шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сокинон вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин ва манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои марбут ба моликияти шахсӣ ва амсоли инҳо суолҳо дода шуд.

Раиси шаҳр ҳар як муроҷиатро мавриди омӯзиш қарор дода, ба нафарони масъул ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва андешидани чораҳои мушаххас супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои шаҳрвандон ва расонидани кумаки амалӣ ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба шумор меравад.