08 Апрел 2026
Имрӯз, 08.04.2026 дар МД “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд доир ба баргузории вохӯрии Раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилояти Суғд вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо донишҷӯёни гулистонӣ баргузор гардид.
Вохӯриро сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғуфронов оғоз намуда, ҳадафи вохӯрӣ бо донишҷӯёнро баён намуд.
Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - қишри созандаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатр корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд. Зеро Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон теъдоди ҷавонон 14,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷлиси шаҳрӣ 4 нафар ҷавонон вакил мебошанд, ки 11,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 39 нафар кору фаъолият менамоянд. Дар вазифаҳои хизмати давлатии 33 нафар ҷавонон фаъолият дошта, 40 фоизро аз теъдоди умумӣ ташкил медиҳанд.
Дар ҳудуди шаҳр дар умум 136 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 56 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 6 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона мебошад. Барои таъмиру тармим ва азнавсозии иншооти варзишӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар шаҳр барои қадршиносӣ ва тарғиби донишандӯзӣ Стипендияи Раиси шаҳр муқаррар карда шудааст, ки теъдоди он 40 адад буда, барои хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи озмун дода мешавад ва маблағи муқарраргардидаи он 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ муқаррар гардидааст, ки 15 адад барои муассисаҳои таълимӣ ва 1 адад барои колеҷи тиббии шаҳр мебошад, ки маблағи он беш аз 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар ояндаи наздик донишҷӯёни гулистонӣ ба сафи ҷомеаи меҳнатии шаҳр пайваста, дар ободу хуррамгардонӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор хоҳанд гузошт.
Баъдан суҳбати озод бо донишҷӯён идома ёфта, як қатор донишҷӯён доир ба дастгириҳои сиёсати давлатии ҷавонон изҳори сипосмандӣ намуданд.
Ба як қатор донишҷӯёни ниёзманд кумакҳои молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокчиён карда шуд.