08 Апрел 2026
Имрӯз, 07.04.2026 дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» ва бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» дар баробари дигар минтақаҳои кишвар, дар Беморхонаи марказии шаҳр ва Маркази саломатии шаҳр хизматрасонии тиббии ройгон ба аҳолӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ҷараёни ин иқдом сокинон аз ҷониби табибони беморхона ва маркази саломатӣ ба ташхис, муоина ва машварати ройгон фаро гирифта шуда, ба шаҳрвандон бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ хизматрасонии босифат пешниҳод гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва таҳкими тарзи ҳаёти солим баргузор гардида, иштироки фаъоли шаҳрвандонро фаро гирифт.
Ҳамчунин, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ доир ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ тақсим карда шуд.