15 Апрел 2026
Санаи 13-уми апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми маркази шаҳрак дидан намуд.
Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ 292 нафар хонанда аз ҷумла 149 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои таҳсили пурсамар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Сипас, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ 454 нафар хонанда аз ҷумла 216 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз синфхонаҳои таълимӣ, толорҳои варзишӣ ва дигар шароитҳои муассисаҳо дидан намуда, бо хонандагону омӯзгорон ҳамсуҳбат гардид. Зимни суҳбат ба хонандагон доир ба омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, иштирок дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ таъкид карда шуд. Ҳамчунин, ба омӯзгорон доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳкими худшиносиву худогоҳии хонандагон ва роҳнамоии дурусти онҳо супоришҳо дод.